top of page

Her Gaze: moving image
from Central Asia

Her Gaze:
moving image
from Central Asia

Her Gaze: moving image from Central Asia

 

Нигоҳи Ӯ: тасвири ҳаракаткунанда аз Осиёи Марказӣ, ин аввалин чорабинии ифтитоҳии тамоми Барномаи Машқии бодиянишинон (Nomadic Program Repetition) аст, ки ин як Шакли Тағирот аз ҷониби League of Tenders буда, дар баробари он Мавсими Аввалини ин барнома - Ҳуқуқи Ӯ мебошад, ки ба равишҳои деколониалӣ ба феминизм ва омӯзиши он аз нуқтаи назари ғайри-Ғарбӣ бахшида шудааст. Дар чорабинии Ҳуқуқи Ӯ, League of Tenders намоишгоҳи пуртаъсири Санъати Байналхалқии Феминистиро, ки соли 1980 дар Влеешал (Vleeshal) ба намоиш гузошта шуда буд, боздид мекунад, ва сарфи назар аз оне, ки мувофиқи эълони карда шуда, бояд рассомони ҳозира, ки ‘дар бисёр гӯшаҳои ҷаҳон пайдо шудаанд' пешкаш мешуданд, диққат ба саҳнаи санъати ғарб нигаронида шуда буд. 

Барои чорабинии аввалин, League of Tenders пешбар (curator) Дилда Рамазон ва Коллективи DAVRA-ро (DAVRA Collective) даъват кард, то барномаи намоишии филмҳои занони санъаткори Осиёи Марказиро пешбарӣ (curate) кунанд.

Барномаи Нигоҳи Ӯ: тасвири ҳаракаткунанда аз Осиёи Марказӣ асарҳои тайёр кардаи занони санъаткори Осиёи Марказиро аз наслҳои гуногун гирд меоварад. Ин наворҳо тақрибан дар тӯли чаҳор соли охир таҳия шудаанд, ки мавзӯъҳои гуногунро дар бар гирифта, ба таҷрибаи заноне, ки аз ин минтақаи мушаххаси ҷаҳон бармеоянд, диққат равона мекунанд. Маҳз занҳо занҳои дигар-ро нишон медиҳанд, маҳз худи онҳо занонро намоён мекунанд, ва вақте ки онҳо ба ҳаёти дохилии рӯзмарра ҷалб мешаванд (Аида Одилбек, Мадина Ҷолдибек, Назира Каримӣ); ё вақте ки онҳо аз ваколатҳо маҳрум карда шуда, аз ҷониби барномаҳои сиёсӣ аз боло то поён восита карда мешаванд (Саодат Исмоилова, Зумрад Мирзалиева, Мадина Бозорғалӣ); ё вақте ки онҳо аз душвориҳои ин ҳаёт мегузаранд ва дар бораи он аз нуқтаи назари ҷисмонӣ ва равонии худ мулоҳиза мекунанд (Даря Ким).

Истифодаи маводҳои бойгонӣ ва наворҳои дарёфтшуда дар эҷодиёти Саодат Исмоилова ва Назира Каримӣ ба ин санъаткорон имкон медиҳад, ки нақлиётҳои (narratives) алтернативӣ таҳия намуда, ривоятҳои патриархалии аз ҷиҳати таърихӣ бартаридоштаи Ғарб-марказро зери санҷиш гузоранд. Аида Одилбек ба нуқтаи назари рӯзғордории занон бо таваҷҷӯҳ ба қурт (qurt), маҳсулоти анъанавии хушк ва ферментатсияшудаи Қазоқӣ муроҷиат мекунад, ки омода кардани он дар филм, ин як навъи дастурамали хешутаборӣ гардида, шаҷараи оилавии занро фаъол ва эҳё мегардонад. Ҳуқуқи репродуктивии занон ва камтаваҷҷуҳӣ ба масъалаи модарӣ (ҳам интихобшуда ва ҳам таҳмилшуда/маҷбуркунонӣ) дар навори Мадина Ҷолдибек ва Зумрад Мирзалиева ҷойгоҳи марказиро ишғол мекунанд. Даря Кими Ӯзбекистонӣ баъзе таассуроти шахсии худро тавассути нуқтаи назари сенсории худ ошкор мекунад, ки он дар эҷодиёти абстрактии ӯ чаҳорчубаи калидиро ташкил медиҳад. Дар ҷамъбасти барнома филми Мадина Бозорғали санъати суннатии шифоҳии мардуми Қазоқро, ки бо номи айтис (aitys) маъруф аст, хотирнишон мекунад. Санъаткор онро аз нав ба худ соҳибӣ карда, кӯшиш мекунад, ки ин амалияи ба бадеҳагӯӣ (improvisation) асос ёфтаро деколонизатсия (ғайримустамликадорӣ) кунад, ва потенсиали харобиовари сиёсии онро барқарор кунад.

Дар умум, ҳадафи ин маҷмӯа равшанӣ андохтан ба истеҳсолоти ғанӣ ва гуногунҷанбҳаи синамои Осиёи Марказӣ буда, муаллифони занро мувофиқи нақше, ки имрӯз иҷро мекунанд: бозингарони калидӣ дар саҳнаи санъати босуръат инкишофёбандаи минтақа, муаррифӣ мекунад.

Намоишҳои шахсии рӯбарӯкунанда (in-person) дар Маркази Санъати Муосири Vleeshal дар Мидлбург, Нидерландия, дар Тошканди Ӯзбекистон, аз ҷониби коллективҳои Maqaal ва Qizlar, дар Алмаатои Қазоқистон дар маркази bULt, дар Ереван аз ҷониби Коллективи Матбаавӣ (Typography Collective) ва дар Душанбеи Тоҷикистон бошад, аз тарафи Monee Gallery ва Ruyò Journal ташкил шуда буданд.

Дилда Рамазон як ходими санъати зодаи Қазоқистон буда, ба санъати муосири Осиёи Марказӣ тахассус дорад. Ӯ намоишгоҳҳо ва нашрияҳоро пешбарӣ мекунад, дар бораи санъат менависад ва ҳоло бошад дар Донишгоҳи Sorbonne рисолаи доктории худро (Phd) идома медиҳад. Дар соли 2020 дар якҷоягӣ бо ҳамкасбони худ ӯ MATA-ро таъсис дод, ки як коллективи санъатии пурра занона буда, дар Қазоқистон воқеъ аст. Рамазон инчунин як ҷузъи Beyond the post-sovet, коллективе, ки донишҳоро оиди минтақаҳое, ки қаблан кишварҳои "пост-сотсиалистӣ" номида мешуданд, истеҳсол ва паҳн мекунад.

 

DAVRA як гурӯҳи пажӯҳишӣ аз Осиёи Марказӣ аст, ки соли 2021 аз ҷониби Саодат Исмоилова таъсис ёфтааст. Ҳадафи он пайваст ва рушд кардани саҳнаи санъати Осиёи Марказӣ тавассути мусоидат ба табодули динамикии таҷриба дар дохили минтақа, ҳамчун авлавият мебошад. 

 

Нигоҳи Ӯ: тасвири ҳаракаткунанда аз Осиёи Марказӣ

Намоиш дар якҷоягӣ аз ҷониби Дилда Рамазон, DAVRA Collective ва League of Tenders пешбарӣ (curated) шуда, он дар доираи Nomadic Programme 2024-2025, Vleeshal таҳти унвони 'Такрор як шакли тағирот аст' амалӣ мешавад.

Vleeshal як маркази санъати муосир дар Мидделбурги Нидерландия мебошад, ки барои лоиҳаҳои гуногунҷанбҳа, пурқувват ва ҳаётан муҳим, ки ҳам дар дохили деворҳои намоишгоҳи беназири Готикии он ва ҳам берун аз он мегузарад, эътироф карда шудааст.

Саодат Исмоилова

Ҳуқуқи Ӯ, 2020
Давомнокӣ: 14,42 дақиқа

Ҳуқуқи Ӯ, ки номаш аз драмаи якномаи бесадо, ки Ӯзбеккино онро таҳия карда буд (1931, коргардони филм Г. Черниак) илҳом гирифтааст, ва филмест, ки аз маъракаи сиёсие бо номи Ҳуҷум (ҳамла), ки Ҳизби Коммунисти барои эмансипатсия ва озод кардани занон дар Ӯзбекистонанҷом дода буд, ёдовар мешавад. Матни кушодакунандаи филм, ки бо алифбои Арабӣ бо забони Ӯзбекии кӯҳна навишта шудааст, бо чунин васл тарчума шудааст:

“Ҳаракати Ҳуҷум як маъракаи сиёсии Шӯравӣ буд, ки соли 1924 оғоз ёфт. Ҳадафи он озод кардани занони маҳаллӣ буд. Ин маърака барои занони Ӯзбек, ки дар байни ҷомеаи анъанавӣ ва ғояҳои давлати хориҷӣ дармонда буданд, оқибатҳои ногуворе дошт. Филм ба хотираи заноне, ки ҷони худро барои озодии занони имрӯзаи Ӯзбек қурбон карданд, бахшида шудааст”.

Саодат Исмоилова коргардони синамо ва санъаткор буда, Донишкадаи Давлатии Санъати Тошканди Ӯзбекистон ва Студияи Миллии Санъати Муосири Le Fresnoy-и Фаронсаро хатм кардааст. Филмҳои Саодат Исмоилова бо такя ба ҳуввияти фарҳангӣ ва таърихи маҳаллии Осиёи Марказӣ дар бораи хотира, рӯҳонӣ, ҷовидонӣ ва нобудшавӣ андеша мекунанд. Онҳо аксар вақт дар атрофи ҳикояҳои шифоҳӣ асос ёфтаанд, ки дар онҳо занон қаҳрамонони асосӣ буда, системаҳои донишҳоеро меомузанд, ки аз ҷониби ҷаҳонишавии муосирот афсурда шудаанд, ин асарҳои васеъкунандаи тафаккур дар байни оламҳои намоён ва ноаён овезон мебошанд. Соли 2021 ӯ дар Осиёи Марказӣ коллективи тадқиқотии Давраро таъсис дод. Дар соли 2022, ӯ дар 59-ум Биенналеи Венетсия (59th Biennale of Venice) ширкат варзида, эҷодиёти нави худро дар documenta fifteen муаррифӣ кард. Соли 2022 ӯ ҷоизаи The Eye Art & Film Prize-и Амстердамро сазовор шуд. Филми нави ӯ "Дар Офтоб гудохташуда" дар намоишгоҳи Nebula муаррифӣ шуда, аз ҷониби Fondazione дар байни санъат ва филм ташкил ва фармоиш шуд, Биенналеи Санъати Венетсия, 2024. Эҷодиёти ӯ дар коллексияи Осорхонаи Стеделийк, Амстердам, Маркази Помпиду, Париж ва ғайра мавҷуданд.

Аида Адилбек

Алақан, 2022
Давомнокӣ: 28,09 дақиқа

Алақан дар доираи барномаи ҷамъиятии коллективи тадқиқотии DAVRA дар намоишгоҳи documenta fifteen дар соли 2022 амалӣ карда шуд, Алакан модар ва модаркалони Аида Одилбекро дар корҳои рӯзмарраи рӯзғор пайгирӣ мекунад. Филм меҳнати хонагии занонро ҳамчун як маросими муқаддас ва шифобахш, ки ҳамарӯза аз ҷониби занони хонавода иҷро мешавад, меомӯзад.  

Аида Одилбек санъаткор ва пешбарандаи (curator) бисёрсоҳа аст, ки дар байни Акҷар ва Думан кор мекунад (Алмаато, Қазоқистон). Дар соли 2020 Ӯ дар соҳаи Санъати Тасвирӣ дар Голдсмитс, Донишгоҳи Лондон дараҷаи MFA-ро (Мастери Санъати Тасвирӣ) ба даст овард ва яке аз муассисони коллективи санъаткорон бо номи MATA гардид, ки дар Алмаато ҷойгир аст. Шаклҳои асосии кори ӯ матн, намоиш, аксбардорӣ ва филм мебошанд. 

Назира Каримӣ

Ҳазм кардан душвор аст, 2021
Давомнокӣ: 5,33 дақиқа

Ҳазм кардан душвор аст (Hard to digest) филми кӯтоҳест, ки бойгонии видеоии занони хонаводаи Назира Каримиро бо сабтҳои бойгонии занони аврупоӣ аз коллексияи Осорхонаи Синамои Вена ба ҳам мепайвандад. Дар боло, ҳамчун як қабати алоҳида, садои коргардони филм меояд меояд, ки дар он ӯ як дастурамали таоми фарҳангии Осиёи Марказиро бо забони шикастаи Олмониаш мубодила мекунад. Тавассути нуқта-назаркунӣ ба ғизо ва забон, бо муроҷиат ба пешомадии (perspective) феминизми сафедпӯсти Аврупоӣ, филм таъсири мутақобилаи таърихи шахсӣ ва ҳувияти фарҳангиро баррасӣ мекунад.

Назира Каримӣ рассоми гуногунсоҳа аст, ки соли 1996 дар шаҳри Душанбеи Тоҷикистон таваллуд шудааст. Вай дар якчанд коллективҳо ва платформаҳои рассомони зан иштирок мекунад. Айни замон дар байни Алмаато, Қазоқистон ва Вена, Австрия ҷойгир аст. Таваҷҷуҳи асосии ӯ назарияи феминистии байнисоҳавӣ, назарияи деколониалӣ ва коллективӣ, ҳама дар дохили ҷамоатҳои занон мебошад.

Ӯ дар бисёр коллективхо ва платформахои занони санъаткор ҷалб шудааст. Айни замон дар байни Алмаатои Қазоқистон ва Венаи Австрия ҷойгир аст. Таваҷҷуҳи асосии ӯ ба назарияи феминистии байнисоҳавӣ, назарияи деколониалӣ (ғайримустамликавӣ) ва коллективӣ равона буда, ҳама дар дохили ҷамоатҳои занон амали мешаванд.

Мадина Жолдибек  

Ғавғои сафед, 2021
Давомнокӣ: 4,53 дақиқа

Ғавғои Сафед, ки дар асоси маводи бойгонии шахсии Ҷолдибек офарида шудааст, ба тамошобин имкон медиҳад, ки ба ҳаёти ҳаррӯзаи модар ғарқ шавад. Ростқавлона, тавсифи пурраи документалии ин гуна таҷриба фасеҳона (eloquent) дар бораи то чи андоза душвор будани тарбияи фарзанд тасаввурот медихад.

Мадина Жолдибек санъаткор, омӯзгор ва рассоми гуногунсоҳа буда, соли 1991 дар шаҳри Жезқазғон (Қазоқистон) таваллуд шудааст, ва айни ҳол дар Лондон қарор дорад. Таҷрибаи ӯ дар атрофи мавзӯъҳои бутунии бадани занон, модарии бисёрҷабҳа, келинизм, шахсият ва режимҳои авторитарӣ давр мезанад.

Дария Ким

CH, 2023
Давомноки: 4,32 дақиқа

CH - лоиҳаи муштараки видеоӣ буда, дар соли 2023 аз ҷониби Дария Ким дар якҷоягӣ бо мусиқинавози Ӯзбакистонӣ Ҷозеф Тумарӣ таҳия шудааст. Қисмати визуалӣ эҳсоси изтиробро инъикос намуда, зуҳуроти ҷисмонии ин эҳсосро бо истифода аз баданҳои пластилинӣ, ки ба таври хиромона ба манзараҳо табдил меёбанд, тасвир мекунад. Заминҳои хушки Осиёи Марказӣ дар шиддати пешбинишуда, мунтазири дигаргуниҳои сейсмикӣ мебошанд. Шеър, ки дар нуқтаи кулминатсионии асъори видеоӣ ҷойгир аст, низ аз изтироб ба дунё омадааст. Он аз ҷониби DeepL тарҷума ва садо дода шудааст, ки аз сабаби пайдоиши ғайризиндааш, ин эҳсосот ба ӯ номаълум боқӣ мемонад.

Дария Ким санъаткори визуалӣ буда, соли 1998 дар шаҳри Тошканди Ӯзбакистон ба дунё омадааст. Ҳоло ӯ донишҷӯи Донишгоҳи Санъати Берлин аст. Дария пеш аз ҳама бо равған ва акрил расм мекашад, ва дар ҳоле ки раванди ташаккули мавқеъи эҷодии худро аз сар мегузаронад, айни замон бо ҳама навъҳои техника кор мекунад.

Мадина Бозорғалӣ

Айтис, 2023–2024 

Давомнокӣ: 21 дақиқа

Ин эҷодиёт ба айтис, озмуни суруд байни ду шоире, ки бо номи акин шинохтаанд, маъруф аст. Он дар таърихи Қазоқу Қирғизҳо анъанаҳои қадима дорад. Гуфтори шифоҳӣ барои ҳарду фарҳанги даштӣ, ки асосан донишро ба таври шифоҳӣ истеҳсол ва паҳн мекунанд аҳамияти ҳалкунанда дорад, чункӣ аксар вақт эҷодиёт бидуни бойгонии хаттӣ мемонад. Акинхо гуфтори шифоҳиро инчунин барои мубориза бурдан ба муқобили зулму истибдод, бевосита бо иерархияи маъмурии худ, яъне хонхо, теренхо, бисҳо ва бекхо истифода мебурданд. Ягон масъала аз ҷониби айтискерҳо ё мубоҳисаронҳо нодида намемонд. Вазъият дар замони Шӯравӣ ба куллӣ тағйир ёфт, вақте ки бодиянишинони дашти Қазоқ маҷбур шуданд тарзи зиндагии муқимиро қабул кунанд ва аз ин рӯ, анъанаҳои худро тағйир диҳанд. Дар асри 21 айтис берун аз сиёсат боқӣ мемонад ва аз ҷониби монополистони сиёсӣ ҳамчун воситаи таблиғотӣ барои таҳкими иллюзияи озодии баён истифода мешавад.

Дар видеои худ Мадина кӯшиш мекунад, ки ба айтис маънои сиёсиро баргардонад. Коршиносони бадеҳагӯи (improvisation) ҷараёни шоириро бо садои думра муттаҳид карда, дар бораи роҳҳои гуногуни дастёбӣ ба деколонизатсияи (ғайримустамликакунонии) Қазоқистон як набарди айтис эҷод мекунанд. Аввалин акин ба муқобили режими мустамликадорӣ мубориза мебарад, то иерархияи худро боз ба вучуд оварад ва ҳокимияти патриархалӣ, назорат ва зулмро аз нав тавлид кунад. Дуюмин бошад нуқтаи назари феминистиро инъикос карда, бо шакли озодона дар бораи кӯмаки мутақобила, ҷомеаҳои устувор ва шабакаҳои ҳамбастагӣ сӯҳбат мекунад. Барои ин акин ва санъаткор деколонизатсия (ғайримустамликакунонӣ) маънои озодӣ аз ҳар гуна режими мустамликавӣ, патриархалӣ ва капиталистиро дорад.

Зумрад Мирзалиева

Мухторият, 2022
Давомнокӣ: 7,13 дақиқа

Мухторият як таҳқиқи визуалии масъалаи мураккаб ва нозуки салоҳияти занон (агентии занон) дар Ӯзбекистон аст. Ин дӯрнамои беназир дар таҳлили васеътари татбиқи салоҳият (агентӣ) берун аз анъанаҳои либералӣ мебошад. Дар ин ҷо, он аз нуқтаи назари қобилияти репродуктивӣ дида мешавад, ки аксар вақт нуқтаи асосии шахсият ва нақши зан аст.

Зумрад Мирзалиева аксбардор ва коргардон аз Ӯзбекистон аст. Ӯ узви гурӯҳи тадқиқотии Давра ва резиденти нави Маркази Тадқиқотии Fabrica мебошад. Пас аз хатми дараҷаи магистр дар соҳаи Инноватсияҳои Иҷтимоӣ дар Мактаби Иқтисод ва Сиёсатшиносии Лондон, ӯ ба таҳқиқи иқтидори табдилдиҳандаи санъат барои пешбурди тағироти мусбати иҷтимоӣ диққати худро равона кард. Таҷрибаи эҷодии Зумрад дар атрофи таҳқиқи мавзӯъҳои ба ҳам алоқаманд, аз ҷумла деколонизатсия (ғайримустамликакунони), истисмор, экология, салоҳият (агентӣ) ва аз нав дида баромадани нақлиётҳои (narratives) таърихӣ тавассути нуқтаи назари феминистии байнисоҳавӣ, давр мезанад.

Намоиш дар якҷоягӣ аз ҷониби Дилда Рамазон, DAVRA Collective ва League of Tenders пешбарӣ мураттаб шудааст, он дар доираи Барномаи Nomadic Vleshala 2024-2025 таҳти унвони 'Такрор як шакли тағирот аст' амалӣ мешавад.

Vleeshal як маркази санъати муосир дар Мидделбурги Нидерландия мебошад, ки барои лоиҳаҳои гуногунҷанбҳа, пурқувват ва ҳаётан муҳим, ки ҳам дар дохили деворҳои намоишгоҳи беназири Готикии он ва ҳам берун аз он мегузарад, эътироф карда шудааст.

Шарикони намоишҳо:

Мақаал (Maqaal) як коллективи тадқиқотии феминистӣ дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон аст, ки ҳадафаш аз ҷониби занони Осиёи Марказӣ дар бораи Осиёи Марказӣ ба забонҳои Осиёи Марказӣ маълумоти бештар таҳия кардан аст.

https://www.instagram.com/maqaal.collective/ 

 

Qizlar Collective як коллективи феминистии маҳаллӣ буда, инчунин ҷомеаи эҷодкорони ҷавони муосир ва созандагон аз Ӯзбекистон мебошад. Ҳадафи коллектив - эҷоди лоиҳаҳо аз нуқтаи назари занон буда, ба баланд бардоштани сатҳи намоёнии занон дар соҳаҳои эҷодӣ дар Ӯзбекистон ва Осиёи Марказӣ, рушди малака, иқтидор ва огоҳии онҳо равона карда шудааст. Онҳо чорабиниҳои оммавӣ, фестивалҳо, лоиҳаҳои санъат, подкастҳо ва бисёр чорабиниҳои дигарро дар форматҳои гуногун рушд мекунанд. Дар соли 2024 Қизлар ҳам-ташкилкунандаи намоиш барои ҷойгоҳи Ӯзбекистон дар 60-умин Биенналеи Венетсия 2024 бо дастгирии Бунёди Рушди Санъат ва Фарҳанги Ӯзбекистон ва бо пешбарии (curating) Маркази Cанъати Муосир дар Тошканд баромад кард.

https://www.instagram.com/qizlarqizlarqizlar/ 

 

bULt як рейв фазои таҷрибавии ҷомеа-идоракунанда, муҳити тадқиқотӣ ва санъатиест, ки ҳадафаш барои ҳама шаклҳои ҳаёт бехатар будан аст. Дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон воқеъ буда, дастаи bULt намояндагони маҳаллӣ ва Осиёи Марказии ҷомеаи queer -ро дастгирӣ мекунад, дар дохили минтақа шабакаҳои ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ эҷод мекунад. Фаъолияти bULt диққати худро ба рамзкушоии (decoding) намунаҳои рафтор, пешбурди ҳушёрӣ ва ҷашнгирии зиндагӣ равона карда шудааст.

https://www.bult.cloud/ 

Typography Collective (Коллективи Матбаавӣ) ин як гурӯҳи санъаткорон ва кураторҳо мебошад, ки қаблан Маркази Матбаавӣ барои Санъати Муосир-ро (Typography Center for Contemporary Art) дар Краснодар, русия ташкил карда буданд. Пас аз оғози ҳамлаи густарда ба Украина аз ҷониби русия, Маркази Матбаавӣ фаъолияти ҷамъиятии худро қатъ кард ва пас аз он ки ҳукумати русия барои мавқеъи оммавии зиддиҷангии марказ, ӯ-ро "агенти хориҷӣ" эълон кард, фазои худро дар Краснодар комилан баст. Ҳоло, Typography Collective дар ҷойҳои гуногун ба таври фосилавӣ кор мекунад, ва барномаи иқомат барои санъаткорон ва кормандони фарҳанг дар Ереван, Арманистон ташкил мекунад, инчунин лоиҳаҳои онлайниро, ки ба таълим, ҳамкорӣ ва ҳамбастагӣ мусоидат мекунанд, ташкил мекунад.  

https://typography-worldwide.org/en/ 

 

Monee Art Gallery ин галереяи санъати муосир аст, ки дар як фазои нотакрори Душанбе, Тоҷикистон ҷойгир аст. Намоишгоҳҳои Monee як саёҳат ба олами зебоӣ ва эҷодкорӣ мебошанд.

 

Ruyò Journal (Маҷаллаи Рӯё) як платформаест, ки аз ҷониби занони санъаткор, ки ба ташаккули тафаккури интиқодӣ ва пешбурди равишҳои инноватсионии истеҳсол ва нашри дониш дар Осиёи Марказӣ бахшида шудааст, идора карда мешавад. Маҷаллаи Рӯё аз ҷониби Назира Каримӣ ва Сабина Хоррамдел, санъаткорони Тоҷикистонӣ, ки санъати Осиёи Марказиро пешбарӣ мекунанд, таъсис ёфтааст, ҳадафи Маҷалла амиқтар дарк кардани мероси Осиёи Марказӣ дар заминаи ҷаҳонӣ мебошад. Маҷаллаи Рӯё бо нашри иншоҳо, мусоҳибаҳо ва эҷодиёти санъат саъю кушиш мекунад, ки нақлиётҳои (narratives) фарҳангии Осиёи Марказиро ба сафи пеши мулоҳизаҳои (discourse) ҷаҳонӣ барорад. Бо истифода аз забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ Маҷалла дастрасии оммавии васеъро таъмин мекунад.

https://www.ruyojournal.com/ 

 

Easteast (Шарқшарқ) як нашрияи чопӣ ва интернетиест, ки дар бораи фарҳанг, санъат, фалсафа ва ҳаёти ҳаррӯза кору фаъолият мебарад. Ҳадафи мо ворид кардани тағйироти зарурӣ ба истеҳсолоти фарҳангии ҷаҳонӣ ва пешниҳоди нуқтаи назари гуногун ва дурнамо аз Осиёи Ғарбӣ, Африқои Шимолӣ, Аврупои Шарқӣ, Қафқози Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Осиёи Марказӣ, Осиёи Шарқӣ ва Ҷанубу Шарқӣ ва дигар минтақаҳо мебошад.

https://easteast.world/

bottom of page